Ҳадяи донишмандон ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон
Душанбе, 14.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор нашриёти «Контраст»-и Душанбе китоб-албоми мусавварро таҳти унвони «Ёдгориҳои меъмории водии Ҳисор» аз чоп баровард.
Китоб -албом бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо теъдоди 500 адад мунташир гардида, муаллифонаш донишмандони тоҷик Аскаралӣ Раҷабов, Рустам Муқимов ва раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов мебошанд. Китоб -албом бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор мунташир гардидааст. Он хонандагонро бо мероси таърихию меъмории асримиёнагии минтақаи водии Ҳисор, ки аз Вашгирди қадима то Термезро дар бар мегирифт ва зодбуми ниёкони амири бузург Исмоили Сомони (874-907) — нахустин асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон маҳсуб меёбад, ошно месозад.
Дар китоб-албом расму мусавварҳои таърихӣ, ёдгориҳои меъморию фарҳангии ин водӣ гирд оварда шудаанд.
Китоб албоми мазкур барои доираи васеи хонандагон, ки ба фарҳанги қадимаи асримиёнагии тоҷикон таваҷҷуҳ доранд тавсия шуда, ҳадяест ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон, ки моҳи октябри соли равон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






