Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон озими Русия мегардад

Август 10, 2015 12:12

               Душанбе, 10.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  12 август дар пойтахти Русия -шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз меёбад. Дар иртибот фардо 11 август гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Маскав сафар мекунанд. Ҳайати ҳунармандони тоҷикро ба ин кишвар Сайфиддин Давлатзода -сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Бунафша Одинаева-муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамоянд.
      Олимҷон Акрамов-  сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар тӯли чор рӯз ҳунармандони гурӯҳи рақсии «Базморо»,  ансамбли доиранавозони Хуҷанд, инчунин ҳунарманди Мардумии  Тоҷикистон Миралӣ Достиев, овозхонҳои хушсалиқа Ҳасан Ҳайдар, Ҳуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов ва гурӯҳи мутрибон дар шаҳрҳои Маскав ва Калининград санъати волои тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.
     Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия намоиши либосҳои миллӣ- маҳсули дастони тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои суратгир Шуҳрат Ёров ташкил карда мешаванд.
          Ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Русия арзёбӣ гардида, дар самти муаррифии фарҳанги қадимаи  тоҷикон ба мардуми рус нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Август 10, 2015 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд