Аксияи гуманитарӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар Брюссел
Брюссел, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).-Дар шаҳри Брюссел бо иқдоми Ҷамъияти тоҷикони муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел аксияи гуманитарӣ ҷиҳати кумак ба зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони сафорат, Консули фахрии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, аъзоёни Ҷамъияти тоҷикони муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург ва дӯстони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Бенилюкс истиқомат менамоянд, иштирок намуданд.
Дар анҷоми аксияи гуманитарӣ маблағи ҷамъшуда ба суратҳисоби махсуси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» интиқол дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






