Ҷаласаи кории Кумитаи рушди маҳал баргузор шуд
Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии натиҷаҳои сафари мутахассисони кумита ба навоҳии Бадахшон ва водии Рашт маҷлиси корӣ баргузор гардид. Гурӯҳҳои корӣ аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии Бадахшон ва водии Рашт гузориш дода, оид ба ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар маҳал муҳокимаронӣ карданд. Ҳамзамон Қосим Роҳбар ёдовар шуд, ки тақвият додани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо тадбири афзалиятноки фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита мебошад ва ба аъзои гурӯҳи корӣ барои пешниҳоди ҳисоботи муфассал аз натиҷаи сафар дастур дод. Таъкид карда шуд, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2015, таҳти рақами 470 «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи аввалиндараҷаи кормандони кумита мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






