Ҳалокати 150 нафар дар натиҷаи офати табиӣ
Душанбе, 08.04.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар чор иёлоти Ҳиндустон бар асари боришоти зиёд, ки боиси ба амал омадани обхезӣ ва ярч гардид, зиёда аз 150 нафар ҳалок шуда, даҳҳо тани дигар беному нишон гаштаанд.
Боронҳои шадид ва обхезиҳо иёлатҳои Гуҷарот, Бенгалияи ғарбӣ, Раҷастхан ва Манипури Ҳиндустонро хароб карданд.
Бино ба маълумоти нерӯҳои эътинои миллӣ, дар натиҷаи офатҳои табиии Ҳиндустон талофоти бештар дар иёлати Гуҷарот рух дод, ки дар он зиёда аз 53 нафар қурбонии офати табиӣ гардидаанд. Як қатор маҳалҳои аҳолинишин бе алоқа, барқ ва оби нушокӣ мондаанд.
Тибқи маълумоти ҳокимияти маҳаллӣ, чунин вазъияти душвор дар шимолу ғарбии Раҷастхан низ рух дод, ки дар натиҷа 28 нафар аз таъсири офатҳои табиӣ фавтидааст. Боришоти шадид боиси афзоиши босуръати сатҳи об дар обанборҳо, махсусан дар ноҳияҳои Ҷалор, Ҷалавар, Сирохи, Бармер ва Дунгарпур гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






