Ҳалокати 22 нафар дар таркиши назди хадамоти амнияти Миср
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари як таркиш 20 август дар назди бинои хадамоти амнияти Миср 22 нафар ҳалок гардида, бинои мазкур ва дигар биноҳои атрофи он зарари ҷиддӣ дидаанд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои хориҷӣ, террористи худкуше мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои хадамоти амният гузошта, фирор кардааст, ки пас аз чанд лаҳза таркиш ба амал омадааст.
Масъулияти ин таркишро гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт.
Бояд гуфт, ки таркиши мазкур дар ҳоле рух дод, ки як рӯз пеш аз ҷониби президенти Миср қонуни нави зиддитеррористӣ имзо шуда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






