Ҳалокати 57 нафар бар асари ҳамлаҳои пайиҳами «Давлати исломӣ» дар Ироқ
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи ду таркиши шадид дар вилояти Диёлаи қисми шарқии Ироқ 57 нафар ҳалок шуда, 85 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, таркиши аввал дар шаҳри Баъқуба ва дуюмаш чанде баъд дар шаҳри Канъон ба вуқӯъ пайваст. Террористони номаълум автомобили сабукрави дорои таҷҳизоти таркандаро дар наздикии яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва биноҳои истиқоматӣ тавассути дастгоҳи фосилавӣ таркониданд. Аз зарбаи сахти таркиш даҳҳо автомашинаҳои канори роҳ ва чанд марказҳои тиҷоратӣ пурра ва қисман хароб шуданд.
Масъулияти ин силсилатаркишҳоро гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» бар ӯҳда гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






