Ҳалокати 9 нафар дар садамаи нақлиётии маргбор
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар се рӯзи охири соли равон дар қаламрави кишвар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҳалокати беш аз10 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар, 07-уми августи соли равон тахминан соати 23:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “опел-Астра” ҳангоми ҳаракат дар километри 319-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ аз баландии 12-метр ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва 8 нафар мусофиронаш дар дарёи мазкур ғарқ шудаанд.
Ҳамчунин, рӯзи 08-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи “Долонг”, марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абайи пойтахт, дар ҳудуди хиёбони Борбад аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






