Ҷамъбасти фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар пойтахт
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пагоҳ, 22-юми август дар Боғи Дӯстии халқҳои пойтахт фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ҷамъбаст мегардад.
Дар фестивал ошпазҳову ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари ошпазҳо ба маърази намоиш гузошта мешавад. Дар рафти фестивал, аз ҷумла маҳсулоти ҳунармандон, ки ба оши палав марбутанд, аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ дастархон ва ғайра намоиш дода, ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.
Дар назар аст, ки дар фестивал озмунҳои гуногуни «Ошпази беҳтарин», «Оши палави беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дастархони ороста» ва «Табақи дилкаш» гузаронида мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки фестивал-озмун дар ду давра гузаронида шуд, ки даври ҷамъбастӣ ҷумҳуриявии он пагоҳ, 22-юми август доир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






