Ҷамъбасти мусобиқаи «Варзиш бе маводи мухаддир»
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш бе маводи мухаддир» миёни дастаҳои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки тӯли як моҳ идома дошт, ғолибонро муайян кард.
Тавре дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дирӯз 24-уми август даври ниҳоии мусобиқа баргузор гардид, ки дар он 24 даста аз тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа дастаҳои Дастгоҳи Марказии ВКД мақоми аввал ва РВКД дар вилояти Хатлон мақоми дуюм ва ғолиби мусобиқаи имсолаи байни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ эълон шуданд. Барои ишғоли ҷойи сеюм дастаҳои Академияи ВКД ва ШВКД дар ноҳияи Варзоб бозӣ доштанд.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукотии ШҶ «Динамо»-и ВКД бо Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






