Ҳамла ба Дустум хунсо шуд
Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба гузориши шабакаи «Спутник.нюс», бо такя ба телевизиони «Скай нюси арабӣ», дирӯз афроди мусаллаҳи ҷунбиши толибон ба корвони мошинҳои Абдуррашид Дустум – муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла намуданд.
Тибқи маълумоти телевизиони мазкур, толибон бар қатори мошинҳои ҳомили Дустум дар яке аз ҷодаҳои вилояти Форёби кишвари Афғонистон ҳамла намуда, ба муқовимати муҳофизини генерал Дустум рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин задухурд ҳашт ифротӣ кушта шудааст.
Вале хабаргузории «Ҷумҳур», бо такя ба манбаъ овардааст, ки дар ин ҳамла 10 ҳуҷумкунанда кушта ва наздики 15 нафари дигар дастгир шудаанд, ки чанд тани онҳо дар пайи муқовимат захмӣ шуданд. Ҳамчунин, дар хабаргузории мазкур омадааст, ки ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст, вале наздикони генерал Дустум онро кори дасти ҷунбиши толибон медонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






