Амрико рабудани 230 шаҳрванд дар «Ал-Қарятайн»-ро маҳкум кард
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»,Тоҷиддин Аҳмадзода).- Амрико амали ноҷавонмардонаи ДИИШ-ро дар хусуси рабудан ва пинҳон кардани 230 шаҳрванди бегуноҳ, ки дар байни онҳо занону кўдакон низ ҳастанд, ба шиддат маҳкум кард. Зимни як баёнияе, ки он дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико нашр гардида аст, ноиби сухангўи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Морк Тунер аз ДИИШ талаб кардааст, ки тамоми шаҳрвандони рабудашударо бидуни ягон шарт озод намояд. Ў таъкид кардааст, ки ин ҷиноят бори дигар ваҳшӣ будани ин созмони террористӣ ва ҷиноятҳои онро, ки зидди ҳадафҳо ва ақидаҳои заҳрогини онҳо аст, исбот кард.
Мавриди ёдоварист, ки ДИИШ рўзи панҷшанбе 230 шаҳрванди бегуноҳро, ки дар байни онҳо занону кўдакон низ ҳастанд, дар шаҳри «Ал-Қарятайн» рабуда, пинҳон карда буд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






