Анҷоми давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 8 август, дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузор шуд, беш аз 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.
Ин давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир карданд.
Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа мебошад.
Дар доираи барномаи давраи бозомӯзӣ дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқот аз рӯи шиноварӣ ва тенниси рӯи миз байни хабарнигорону кормандони Кумитаи миллии олимпӣ барпо гардид.
Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ”, ғолиб омад. Ибодулло Шоев, корманди Кумитаи миллии олимпӣ, ҷойи дуюм ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМО, ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Зулфия Олимбекова, муҳаррири шабакаи «Овози тоҷик”-и Радиои Тоҷикистон, пирӯз шуд. Дар шиноварӣ байни собиқадорони синашон аз 60 боло Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, мақоми аввалро касб кард. Мирзосафар Шамсиддинов, ёвар ва сухангӯи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ҷойи дуюм, Эмом Назаров, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият”, ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Дар сабқати тенниси рӯи миз, ки миёни мардон сурат гирифт ғолибони мусобиқот ва соҳибони ҷойҳои дуюму сеюм бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






