«Аржанг» феҳристи осор ва адабиёти шоири орифро чоп кард
Душанбе, 05.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори ҷашни 700- солагии шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар сатҳи балнд таҷлил мегардад, нашриёти «Аржанг»-и Душанбе феҳристи осор ва адабиёти шоирро интишор намуд.
Феҳрист бо теъдоди 300 адад аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар ба табъ расида, Шариф Комилзода ва Сабоҳат Иброҳимова мураттибони феҳристи мазкуранд. Феҳрист аз се қисм иборат буда, дар қисми якуми он номгӯи асарҳои дар шакли алоҳида чоп шуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳои даврӣ интишоргардидаи шоир гирд оварда шудаанд. Қисми дуюми феҳрист адабиёти марбут ба ҳамадоншиносист. Инчунин дар қисми сеюми феҳрист барои осон намудани кори пажӯҳишгарон кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки феҳрист дастнависҳои соҳибҷашн ва маводи чопиву электронии солҳои 1947-2015 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии милии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN)- Хонаи китоби Тоҷикистон ва веб-сомонаҳои Интернет тартиб дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






