Қатли 15 зан барои розӣ нашудан ба издивоҷ бо аъзои ДИИШ
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Саид Мамузинӣ, сухангўи ҳизби Демократии Курдистон дар Мавсил зимни як мусоҳиба бо шабакаи «Ассумирия» эълом кард, ки пайкорҷўёни такфирӣ 15 занро ба далели розӣ нашудан барои издивоҷ бо аъзои ДИИШ дар пойгоҳи низомии «Ғазлонӣ» ҳалок карданд. Мамузинӣ афзўд: «Террористҳои ДИИШ дар ду моҳи охир беш аз 30 занро бо сабаби даст кашидан аз издивоҷ бо аъзои ин гурўҳ ба қатл расониданд». Ин чунин Ҳоно Навофилӣ, сухангўи Созмони дидбони дифои занони осебдида дар Ироқ ба хабаргузории «Ал-маълума» гуфта буд, ки террористҳои ДИИШ дар Фалуҷа ба ҳафт зан таҷовузи гурўҳӣ карда, сипас онҳоро ба қатл расониданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






