Авҷи бунёдкориҳо дар Ҳисор
Ҳисор, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳисор дар арафаи маъракаи хеле муҳим- ҷашни 3- ҳазорсолагиаш қарор дорад. Ин ид натанҳо барои мардуми Ҳисору ҷумҳурӣ, балки барои кулли тоҷикони ҷаҳон азиз аст. Маҳз ба шарофати ин ҷашни таърихӣ гузаштаи як гӯшаи Ватан боз ҳам рӯшантар ва ин мавзеи бостонию дилписанд ободу зебо гашт. Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 3000 солагии Ҳисор ташаббуси бисёр таърихӣ ва иқдоми наҷибонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва ободии ин диёр мебошад.
Бо мақсади ҳарчи бештар аз наздик шинос шудан бо ҷараёни корҳо ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ ва ободии роҳҳову гулгаштҳо аз ноҳияи Ҳисор гузорише омода кардаем.
Сохтмони биноҳои баландошёна, эъмори роҳҳои нави замонавӣ, варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, Чойхонаи миллӣ дар шакли «Харбуза», Осорхона, Қасри фарҳанг, Китобхона, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, ин номгӯи нопурраи иншооти ҷашниест, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни 3000 солагии Ҳисор, мавриди истифода қарор мегиранд.
Тибқи иттилои раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода сохтмони беш аз 400 иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад. Мавриди зикр аст, ки як қатор иншооти ҷашнӣ давра ба давра мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти калони ҷашнӣ аз қабили варзишгоҳ, қасри фарҳанг, Осорхона, Китобхона Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои бачаҳои болаёқат ва дар арафаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Бахшида ба 3000 солагии Ҳисор зеристгоҳи барқии пуриқтидор сохта шуд ва ин имкон медиҳад, ки корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намоянд. Ногуфта намонад, ки муаммои обу корези шаҳраки Ҳисор ҳалли худро пурра ёфт ва об дар қалъаи Ҳисор то ошёнаи чордаҳум мебарояд.
Қалъаи Ҳисор яке аз бузургтарин ёдгории таърихист, ки мавриди таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ қарор дорад. Алҳол гирду атрофии Қалъа обод ва даҳ адад дӯконҳои ҳунармандон барқарор гардиданд. Дар дохили қалъа дар мавзеъи Аскархона сохтмони Чойхонаи миллӣ ва эъморӣ дарвоза идома дорад. Ҳамчунин корҳои омӯзишӣ дар теппаи тӯпхонаи қалъаи Ҳисор бобарор анҷом ёфт. Бостоншиносон аз тӯпхона сағонаеро, ки ба давраи Кӯшониён тааллуқ дорад, дарёфт, карданд. Ин ёдгорӣ яке аз осорҳои пурарзиштарин ба ҳисоб рафта, аз сангу гач дар се қабат сохта шудаст. Шояд дар рӯзҳои ҷашн мамнӯъгоҳи таърихии Ҳисор ба феҳристи умумибашарии ёдгориҳои Юнеско дохил гардад.
Тибқи иттилои мудири шӯъбаи фарҳанг Абдуҳалим Самадзода дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ғайр аз Қалъаи Ҳисор боз 80 ёдгории дигар мавҷуд аст, ки ба таври махсус муҳофизат мешаванд.
Ҷашни 3000 солагии Ҳисорро аҳли фарҳанг шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд. Бахшида ба ин ҷашн имрӯз даври сеюми фестивал озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои таронаю рақс ва фолклорию этнаграфӣ бо номи «Таронаи Ваҳдат» баргузор мегардад.
Ба ифтихори ин ҷашн фестивали ҷумҳуриявии ансанблҳои оилавӣ низ идома дорад. Дар байни муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни колеҷу литсейҳои ноҳия озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Рассоми мониқалам», Иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҳисор- қадамгоҳи бузургон», озмунҳои «Зеҳн», «Ғунчаҳои адаб», баргузор гардид. Бахшида ба ин ид 23 адад китобҳои гуногун интишор ёфт, ки яке аз онҳо «Донишномаи Ҳисор» буда дорои 760 саҳифа аст. Дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои фарҳанги мунтазам доир мегарданд. Озмуну конфронсҳо аз қабили «Кадбонуи беҳтарин», «Остонаи заррин», «Паричеҳри Ҳисорӣ», «Ғунчаҳои адаб», «Ҳусни замин» ва ғайра аз ин зумраанд. Тамоми сокинони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ зери шиори 450 рӯзи ободонӣ ба ҷашни Ҳисор софдилона меҳнат карда, мехоҳанд саҳми арзандаи худро дар ҷашни таърихӣ гузоранд.
Ҳанӯз ҷуғрофиядони араб Ал- Муқаддасӣ Ҳисорро модари шаҳрҳо номида буд, шояд он рӯз дур нест, ки бо роҳбарию ғамхории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷидду ҷаҳди мардуми Ҳисор ва дигар ҳамватанони ҳимматбаландамон, Ҳисор ба шаҳри зебои замонавӣ табдил ёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






