Аввалин зоирон 1 сентябр ба ҳаҷ фиристода мешаванд
Хуҷанд, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар», Абуаҳад Шарифзода). — 165 зоирони зиёраткунанда аз Хуҷанд барои ба ҷо овардани ҳаҷ 1 сентябр ба маркази муқаддаси ҷаҳони ислом Арабистони Саудӣ мераванд.
Бино ба маълумоти шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд, ба ин муносибат, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода бо ҳоҷиён мулоқот намуданд.
Зоиронро ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, амрҳои динӣ ва расму оинҳои ислом аз мазҳаби Ҳанафия даъват намуданд.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар ба ҳаҷ фиристода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






