Аввалин зоирон 1 сентябр ба ҳаҷ фиристода мешаванд

Август 28, 2015 06:27

Хуҷанд, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар», Абуаҳад  Шарифзода). — 165 зоирони зиёраткунанда аз Хуҷанд барои ба ҷо овардани  ҳаҷ 1 сентябр ба маркази муқаддаси ҷаҳони  ислом  Арабистони Саудӣ мераванд.

Бино ба маълумоти шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд, ба ин муносибат,  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ  Ҳусайн Мусозода  бо ҳоҷиён мулоқот намуданд.

Зоиронро  ба  риояи меъёрҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, амрҳои  динӣ ва расму оинҳои ислом аз мазҳаби Ҳанафия  даъват намуданд.

Дар маҷмӯъ,  соли ҷорӣ  аз вилояти  Суғд беш  аз 1600 нафар ба ҳаҷ  фиристода  мешаванд.

Август 28, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад