Аёдати волидайн аз шароити хизмати фарзандони худ
Суғд,18.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Чанде пеш гурӯҳи 30 нафараи волидайни ҷавонони Хуҷанд, ки дар қисмҳои ҳарбии ҷануби кишвар адои қарзи Ватан модарро доранд, фарзандони худро аёдат намуданд.
Маҳмудҷон Муҳаммадӣ, масъули мақомоти шаҳрӣ хабар дод, амали мазкур тибқи нақшаи якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд рӯи кор омада, зимни аёдат волидайни сарбозон, аз ҷумла ба қисмҳои низомии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Бадахшон омада, аз наздик ба зиндагӣ ва шароити ҳамарӯзаи хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии кишвар шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар маҷмӯъ зимни сафари худ волидайни сарбозон, ки онҳоро намояндагони мақомоти шаҳрӣ ва комиссариати ҳарбӣ ҳамроҳӣ намуданд, аз 13 қисми низомии дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, А Ҷомӣ дидан намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






