Ба 200 хонандаи ниёзманд либосҳои мактабӣ тақдим шуд

Август 18, 2015 04:59

Душанбе,  18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар саҳни Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ «Ярмарка- фурӯши лавозимоти мактабӣ» ба кор оғоз намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди  хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар  мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Чунон, ки иттилоъ доданд, дар ярмарка нархи маҳсулот нисбат ба бозор то 20 дарсад арзонтар аст.
Мутобиқи талаботи Дастурамали либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нассоҷи Хуҷанд” “Текстил-Сити”, “Модерн”, “Шероз”, “Раҳимӣ”, “20-солагии Истиқлолият”, “Наргис”, “Асри тиллоӣ”, “Банорас”, “Парки технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон”, “Алёнка”, “Бофанда” ва соҳибкорони инфиродӣ “Мансурова”,  “Ҷамолов”,  “Юсупова Гулрухсор”,  “Турсунова”  ҳамаи толибилмон бо либоси мактабӣ таъмин гашта истодаанд.
Дар рафти ярмаркаи мазкур аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим шуд.

Август 18, 2015 04:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад