Ба кор шурӯъ намудани нуқтаи санҷиши шиносномаҳо
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар толори Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе нуқтаи санҷиши шиносномаҳо барои шаҳрвандон, ки вурудшавиашон ба Федератсияи Русия манъ шудааст, ба кор шурӯъ намуд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон аз ҳисоби Хадамоти муҳоҷират ду компютер ва як ноотбук барои гузаронидани санҷиши шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, бастҳо шабонарузӣ фаъолият менамоянд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандоне, ки аз Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба хориҷа сафар менамоянд, аз руйхати мамнуъшудагони муввақатӣ аз санҷиш гузашта, дар китоби бақайдгирии шаҳрвандон ба ҳисоб гирифта мешаванд. Инчунин, бо ҳар шаҳрванд оид ба қонунгузории нави давлатҳои қабулкунанда, урфу одат, муошират, донистани забон дастуру иттлооти лозима дода шуда, буклетҳои кисагӣ тақдим карда мешаванд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд оид ба масъалаҳои будубош ва қонунгузории Федератсияи Русия ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар толори Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






