Баррасии масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони ҷамоатҳои ба номи Дустмурод Алиев ва ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод баррасӣ шуданд. Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Тоҷинисо ва имомхатиби ҷамоат Ҳалимов Аъзам суханронӣ намуданд. Иштирокдорон оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пошхӯрии оилаҳоӣ ҷавон баҳсу мунозира намуда, қайд карданд, ки солимии ҷомеа ба солимии оила вобастагии зиёд дорад ва ҳар нафар бояд кӯшиш ба харҷ диҳад то пеши роҳи ин амалҳои номатлуб гирифта шаванд. Фарзандони миллати тоҷик набояд ба доми фиреби шахсони нопоку хиёнаткор афтанд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






