Баррасии масъалаи шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистӣ бо занони Шаҳринав
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, инчунин шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, задухӯрди гурӯҳҳо, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ рӯзи 12 августи соли равон зимни вохӯрии Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва намояндагони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занони ҷамоати деҳоти «Чуст» ва «Истиқлол»-и ноҳияи Шаҳринав баррасӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони бахши занон ва раисони маҳаллаҳои ноҳияи мазкур низ иштирок доштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар мулоқот филми «Роҳи торик» оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна омилҳои номатлуб ва гурӯҳҳои ифротгаронишон дода шуд.
Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






