Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). Ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла татбиқи созишномаҳои қаблан ба дастомадаи миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷиратро дар Маскав роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев ва сардори раёсати ташкили кор бо шаҳрвандони хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Сергей Темрякович мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо мувофиқи протоколи маҷлиси гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия масоили марбут ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи бекор кардани маҳдудияти ворид шудан ба Федератсияи Русияро муҳокима намуданд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи созишномаҳои бадастомада, ба 5 категорияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан дар робита бо вайрон кардани қонуни маъмурӣ манъи ворид шудан ба Федератсияи Русияро гирифта буданд, ба таври қонунӣ вориди Русия шудан иҷозат дода шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






