Баррасии рушди муносиботи БМТ ва БРЧ
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Чин 28 август дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Гурӯҳи кории Бонки рушди Чин дар ҳайати Фэн Же, Су Чунминг ва Ванг Шаонан бо муовини раиси БМТ Умед Латифов баррасӣ гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Бонки рушди Чин дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, махсусан энергетикӣ саҳми худро гузорад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки БМТ ҳамчун бонки хизматрасон дар раванди дарёфт ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок барои маблағгузорӣ ба ҷониби Бонки рушди Чин кумак кунад.
Аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Чин нисбат ба масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкории минбаъда бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагӣ изҳор шуд.
Аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки намояндаи Бонки рушди Чин таъкид намуд, ки бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда охири сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии ин Бонк барои пешниҳод намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Чин ташриф меорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






