Беш аз 255 ҳазор сомонӣ зарар овардани ҳодисаҳои сӯхтор дар се рӯзи охир
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар се рӯзи охири ҳафтаи гузашта се ҳолати сӯхтор аз ҷониби Хадамоти оташхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 255 ҳазор сомонӣ зарар овардааст.
Ба иттилои ВКД, рӯзи 22-юми августи соли равон дар меҳмонхонаи марди 67-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки зарари расонидааш 250000-сомониро ташкил дод.
Рӯзи 23-юми августи соли равон низ дар оғилхонаи марди 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон оташ масоҳати 40-метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар натиҷа болопӯши оғилхона ва 500-кило алафи дурушти чорво сӯхта нобуд шудааст. Зарари сӯхтор 2500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз, дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии зани 68-солаи сокини ноҳияи Восеъ сӯхтор дар масоҳати 75-метри мураббаъ ба вуқӯъ омадааст, ки дар натиҷа болопӯши оғилхона ва бо 2-тонна алафи дурушти чорво сӯхта нобуд шуда, ба қиммати 5000-сомонӣ зарар расидааст.
Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва оташбозии кӯдакон арзёбӣ мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






