БМТ: “Ширкати Thomson Reuters маҳсулоти худро муаррифӣ намуд”
Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дурнамои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиёти пуливу қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар бозори байнибонкӣ, инчунин шарҳи амалӣ намудани майдони мазкур дар конфронсе, ки 30 июл бо иштироки роҳбарони департаментҳои бонк, намояндагони ташкилоти қарзии мамлакат ва Ширкати «Thomson Reuters» дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокима шуд.
Дар ҷараёни конфронс намояндагони Ширкати «Thomson Reuters» маҳсулоти худро оид ба низоми барномавӣ муаррифӣ намуданд
Тавре ки хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ дод, ки низоми Thomson Reuters аз низомҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, иштирокдорони касбии бозори молиявиро бо маълумот таъмин менамояд. Низоми мазкур ба иштирокчиёни майдони савдо имконият медиҳад, ки ба воситаи шабакаи он ба навигариҳо, нархҳо ва хабарҳои зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд. Бинобар ин, аксарияти бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои молиявии ҷаҳон аз хизматрасониҳои Thomson Reuters ба таври васеъ истифода мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






