БМТ: «Қурби сомонӣ дар рӯ ба рӯи лаппишҳои асъори хориҷӣ устувор аст»
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар робита ба нашри ахбору гузоришҳои бетаҳлил ва ҳангомасоз дар расонаҳои даврӣ, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки ба таҳлука дода нашаванд, зеро ҳамарӯза вазъияти бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар ду ҳафтаи охир пасту баландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ мушоҳида шуда, Бонки мардумии Чин дар пасманзари сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба доллари ИМА зиёда аз 3 дарсад паст кард. Ин дар навбати худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар тамоми бозорҳои фондии ҷаҳонӣ сабаб шуд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯи ҳаҷми иқтисод дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар ва юани заифшаванда ба нархи молҳо, аз ҷумла ба нархи нафт таъсир расонид. Баъд аз ин, девалватсияи асъори як қатор мамлакатҳои содиркунандаи нафт, бахусус Русия, Қазоқистон ва ғайра, ки бо Хитой ҳамкории зич доранд, оғоз ёфт.
Бо вуҷуди ҳамкории зичи як қатор кишварҳои номбаршуда бо Тоҷикистон, беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1%-ро ташкил дод. Ҳамин тариқ, дар давоми ду ҳафтаи охир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тенгеи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд.
Тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати асъори хориҷӣ дар нисбати доллари ИМА, ки дар ҳафтаҳои гузашта дар бозорҳои асъор ба вуқуъ пайваст, хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пули миллии он нест. Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ метавон дарк кард, иқтисоди аксари давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё ва қисматҳои дигари олам дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва дар натиҷа қурби миллиашон рӯ ба пастравӣ ниҳод.
Дар ин замина, баъди каме қомат рост кардани қурби асъорҳои хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






