Бохти Футзали Тоҷикистон ба финалисти чемпионати бошгоҳии Осиё
Душанбе, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Имрӯзҳо дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ҷамъомади таълимию машқияшро дар Кувайт мегузаронад. Дар доираи ин омодагӣ футзалистони тоҷик бо финалисти чемпионати бошгоҳии Осиё дастаи “Ал-Қадсия” бозии дӯстона гузарониданд.
Бозӣ бо ҳисоби 6 бар 4 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Ёдовар мешавем, ки голҳои дастаи мунтахаби футзали моро Раҳмоналӣ Шарипов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов ва Мансур Мамадбабаев ба Хадаф расониданд.
Хотирасон кунем, ки Рӯзи 15 август дастаҳои мунтахаби миллии Кувайту Тоҷикистон бори дагар дар бозии дӯстона бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






