Боздиди Р. Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии хобгоҳи Коллеҷи милитсия дар Кӯлоб
Душанбе, 08.08.2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ба Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои хобгоҳи Коллеҷи мазкур аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Мавриди қайд аст, ки бинои хобгоҳи мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ намудани курсантони Коллеҷи милитсия пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло дар ин бино корҳо қариб анҷом ёфта, шинонидани дару тиреза, таъмир ва рангу бори он ҷараён дорад.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






