Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз Коллеҷи милитсияи Кӯлоб

Август 25, 2015 09:37

Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон  Раҳимзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб  аз ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Вазир нахуст аз синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ, ошхона ва хобгоҳи дуошёна (казарма), ки аз таҳкурсӣ бунёд гардида, аллакай дар арафаи анҷомёбист, дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои таъмиру таҷдид дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни боздид Раҳимзода ба сохтмончиён таъкид намуд, ки ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад ва хобгоҳи мазкур бояд ба тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. 
Ёдрас мешавем, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  августи соли  2014 таъсис дода шуда, дар айни замон зиёда аз 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муддати таҳсил дар коллеҷ чор сола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробонмонда ва ятимон таҳсил мекунанд. 

 

Август 25, 2015 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад