Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз Коллеҷи милитсияи Кӯлоб
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Вазир нахуст аз синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ, ошхона ва хобгоҳи дуошёна (казарма), ки аз таҳкурсӣ бунёд гардида, аллакай дар арафаи анҷомёбист, дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои таъмиру таҷдид дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни боздид Раҳимзода ба сохтмончиён таъкид намуд, ки ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад ва хобгоҳи мазкур бояд ба тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Ёдрас мешавем, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2014 таъсис дода шуда, дар айни замон зиёда аз 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муддати таҳсил дар коллеҷ чор сола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробонмонда ва ятимон таҳсил мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






