Бозгашт аз Сурия: «Ҳеҷ бовар намекардам, ки моро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд»
Душанбе, 15.08.2015,(АМИТ «Ховар»).- Шоми дирӯз аз боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Душанбе ду нафар ҷавони тоҷик, ки ба доми фиребу найранги таблиғгарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» афтода, ба Сурия рафта буданд ва пушаймон шуда ба Ватан баргаштанд, аз маҳбас озод шуданд. Қосимов Парвиз ва Қаландаров Самандар ин шаҳрвандони 20 ва 25 солаи Тоҷикистонро дар назди боздоштгоҳи тафтишотӣ падару модар ва хешу табор бо ашки шодӣ аз озодиашон аз маҳбас истиқбол гирифтанд.
«Ман аз кардаи худ сахт пушаймонам ва тамоми умри боқимондаи худро дар Ватан, дар хизмати падару модар мегузаронам», — гуфт Парвиз Қосимов. Дар баробари ҳамин, Қаландаров Самандар изҳор кард, ки «Ҳеҷ бовар намекардам, ки моро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд».
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон замимаи 1 илова карда шуд, ки тибқи он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳаракату амалҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ ихтиёран даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чорабиниҳо барои баргардонидани ҷавонони фиребхурдаи тоҷик, ки хоҳишманди аз майдонҳои ҷанги Ироқ ва Сурия бозгаштан ба Ватан мебошанд, идома доранд.
Мусоҳибаи муфассал бо бозгаштагон аз Сурия баробари омода шудан дар сомонаи www.khovar.tj нашр мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






