Бозиҳои нимфиналии Ҷоми миллӣ маълум шуд
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, дастаҳои иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷоми миллӣ маълум шуданд. Дар ин марҳила чемпиони феълии мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо “Равшан”-и Кӯлоб ва КМВА “Помир”-и пойтахт бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои ҷавобии марҳилаи даври 1/4 финали Ҷоми миллӣ дирӯз 25-уми август доир гардид. Бозингарони “Барқи тоҷик” дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”) аз КМВА “Помир шикаст хӯрданд.
Бозии ҷавобии “Вахш” ва “Равшан” дар Қӯрғонтеппа мусовӣ анҷом ёфт, ва дастаи шаҳри Кӯлоб аз рӯи натиҷаи ғалабааш дар бозии якум ба нимфинали мусобиқа роҳ ёфт.
Бозӣ мобайни “Саройкамар”-и Панҷ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор мусовӣ анҷом ёфт. Мувофиқи тақвими мусобиқа бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 19-ум ва 20-уми сентябр вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30 сентябр ва 1 октябри соли равон баргузор мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






