Бозии Тоҷикистону Австралияро доварон аз Баҳрайн доварӣ мекунанд
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, доварони бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, қаҳрамони Осиё, ки 8-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурия баргузор мешавад, аз Баҳрайн мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Моуҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло довари эҳтиётӣ хоҳад буд. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.
Ҳоло дар гурӯҳи «В” се даста — Урдун, Қирғизистон ва Австралия се имтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш як имтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.
Ёдовар мешавем, сармураббии дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев, ки 28 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуда буд, мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад.
Гуфта мешавад, ки Мубин Эргашев имсол тавонист, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. «Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






