Бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Бадахшон бо вусъат идома дорад

Август 8, 2015 13:56

Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо дар қитъаҳои замини ҷудогардида барои бунёди хона ба оилаҳои аз офати табиии моҳи май дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зарардида бо вусъат идома дорад.
104 хонаи истиқоматӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят бо тарзи меъмории хоси ҳар минтақа бунёд мегардад.
Дар ин мавзеъ бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва марказҳои хизматрасонӣ низ оғоз гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки бо супорриши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки навбунёди Питобдашт муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба таври мунтазам иқомат дошта, ҳар рӯз ситоди доимамалкунандаи бартарафсозии оқибатҳои офати табииро дар инҷо дои рва натиҷагирӣ мекунанд.

Август 8, 2015 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад