Дабири кулли СММ харобсозии қалъаи қадимаро дар Палмира амали террористӣ номид
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун амали ҷангиёни гурӯҳи терористии «Давлати Исломӣ»-ро дар харобсозии қалъаи қадимаи Баалшамини Палмира ва қатли бостоншиносро дар ин шаҳр маҳкум намуд.
Дар изҳорот роҳбари маъмурии СММ амали ифротгароёнро ҳамлаи террористӣ ва ҷинояти ҳарбӣ номида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ин созмони террористиро маҳв намоянд.
«Ин ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ номгӯи тӯлонии ҷиноятҳои дар чор соли гузашта дар Сурия зидди аҳолии осоишта ва (фарҳангу) мероси кишвар содир гаштаро, афзун менамоянд. Котиби генералии СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид шудан ва хотима бахшидан ба фаъолияти ин созмони террористӣ даъват намуд. Ӯ таъкид кард, ки нобудсозии барқасдонаи мероси умумии мо ҷинояти ҳарбист ва ҷинояткорон бояд ба ҷавобгарии судӣ кашида шаванд ».
Чанде пеш, бо даъвати зарбаи ҷавобӣ задан ба ҷангиёни Давлати Исломӣ Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова баромад намуда, харобсозии қалъаро «ҷинояти ҳарбӣ» номид.
Ба гуфтаи ӯ, санъат ва меъмории Палмира «рамзи гуногунҷанба ва боигарии қадимаю таърихии Сурия мебошад». «Ин як талафоти бузург барои тамоми башарият аст», — изҳор намуд И. Бокова.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






