Дабири кулли СММ харобсозии қалъаи қадимаро дар Палмира амали террористӣ номид

Август 25, 2015 09:38

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун амали ҷангиёни  гурӯҳи терористии «Давлати Исломӣ»-ро дар харобсозии  қалъаи қадимаи Баалшамини Палмира ва қатли бостоншиносро  дар ин шаҳр маҳкум намуд. 

Дар изҳорот роҳбари маъмурии СММ  амали ифротгароёнро  ҳамлаи террористӣ ва ҷинояти ҳарбӣ  номида, аз  ҷомеаи ҷаҳонӣ  даъват намуд, ки ин созмони террористиро  маҳв намоянд.

 «Ин ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ номгӯи тӯлонии ҷиноятҳои дар чор соли гузашта дар Сурия зидди аҳолии осоишта ва (фарҳангу) мероси кишвар содир гаштаро, афзун менамоянд. Котиби генералии СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид шудан ва хотима бахшидан ба фаъолияти ин созмони террористӣ даъват намуд. Ӯ таъкид кард, ки нобудсозии барқасдонаи мероси умумии мо ҷинояти ҳарбист ва  ҷинояткорон бояд ба ҷавобгарии судӣ кашида шаванд ».  

Чанде пеш, бо  даъвати зарбаи ҷавобӣ задан ба ҷангиёни Давлати Исломӣ Директори  генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова баромад намуда,  харобсозии қалъаро  «ҷинояти ҳарбӣ»  номид.

 Ба гуфтаи ӯ,  санъат ва меъмории Палмира  «рамзи гуногунҷанба  ва боигарии  қадимаю таърихии Сурия  мебошад». «Ин як талафоти бузург барои тамоми башарият аст», — изҳор намуд И. Бокова.

Август 25, 2015 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад