Дар Форёб дубора ба ҷони Дустум сӯиқасд шуд
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – 24 август дар қаламрави музофоти Форёб як амали сӯиқасд ба ҷони муовини аввали президенти Афғонистон Абдулрашид Дӯстум пешгирӣ карда шуд.
Сомонаи Афганистан.ру хабар медиҳад, ки 4 ҷангии худкуш дар назди қароргоҳи генерал дар Қайсар камин гирифта буданд, вале барои анҷоми ин амал фурсат даст надода, ин ноҳия аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ муҳосира шуд.
Мавриди ёдоварист, ки чанд рӯз қабл низ ба ҷони муовини аввали президенти Афғонистон Абдулрашид Дӯстум сӯиқасд анҷом ёфта буд. Ин ҳамла низ дар ҳамин ноҳия аз ҷониби толибон сурат гирифта буд.
Ҳоло Абдулрашид Дӯстум роҳбарии амалиёти ҳарбӣ дар шимоли Афғонистонро фаъолона идома медиҳад, ки дар натиҷа он садҳо ҷангии мусаллаҳи ифротгаро маҳв гардидаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






