Дар музофоти Хуст аз минаҳои худ 6 ҷангӣ таркид
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Хусти Афғонистон, аз минаи канори роҳ як гурӯҳ ҷангиён, ки ба истеҳсоли махфиёнаи дастгоҳҳои тарканда машғул буданд, таркиданд.
Бино ба иттилои оҷонсии хабарии «Хома Пресс», ин ҳодиса дар минтақаи Бак ба қайд гирифта шудааст. Ҳангоми таркиш дар дохили бино шаш ҷангӣ қарор доштаанд, ки 4 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар дохили бино кофтукови ҳамаҷониба гузарониданд ва ба истиснои дастгоҳҳои таркандаи истифодашуда чизи дигаре пайдо накарданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






