Дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми машқҳои зиддимухаддиротии “Гром-2015” оғоз гардид
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 29 августи соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми машқҳои махсуси тактикии “Гром-205” бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, оғоз гардид.
Машқҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъаовар, қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ ва каминӣ оид ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, аз муомилоти ғайриқонуниӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар самтҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи дуюми машқҳо гузаронидани баромадҳои машқӣ-тамринии гурӯҳҳои омехтаи ҷузъу томҳои таъиноти махсус оид ба бастани масирҳои қочоқи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои интиқоли эҳтимолии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Дар рафти машқҳо масъалаҳои гузаронидани амалҳои ҷустуҷӯӣ ва каминӣ дар масирҳои қочоқи маводи нашъаовар, муҳосира ва ғасб намудани анборҳои нигоҳдории маводи нашъаовар, ташкил ва таъмини амнияти гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ, ташкили чорабиниҳои азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ дар масирҳои интиқоли маводи нашъаовар таҳия карда мешаванд.
Дар машқҳо намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






