Дар Восеъ бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бунёд мегардад

Август 8, 2015 14:18

Душанбе, 08.08.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз сохтмонии бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Восеъ дидан намуд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ин ноҳия шуруъ гардида, сохтмоничиён бо масолеҳи сохтмонӣ таъминанд ва барои гузоштани таҳкурсии бинои мазкур омодагӣ мебинанд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин ва сохтмончиён таъкид намуд, ки ҷараёни корҳои созандагиро вусъат бахшида, ба сатҳу сифати он диққати ҷиддӣ дода шавад.

Август 8, 2015 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд