Даргузашти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт.
Акбари Саттор аз соли 2007 инҷониб раҳбарии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ёдовар мешавем, ки А. Сатторов соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти журналистиро аз нашрияи расмии «Ҷумҳурият» оғоз карда, минбаъд дар расонаҳои гуногун идома додааст.
Роҳбарият ва ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» аз даргузашти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






