Духтарон қаҳрамони дзюдо мешаванд
Душанбе,01.08.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон )-Шоҳида Қаландарова, дюздочии 16-солаи тоҷик, ки бори аввал дар мусобиқаи байналмилалии Open ASIA дар вазни 57 кило ширкат кард, ҳарифони худро аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон шикаст дода, барандаи медали тилло шуд.
Бояд зикр кард, ки роҳи Шоҳида Қаландарова, ин духтараки деҳотии тоҷик ба варзиши калон аз майдонҳои хурди сабқатҳо дар тӯю маросимҳои наврӯзӣ оғоз шудааст. Ҳарифони ӯ дар ин сабқатҳо ҳамеша бачаҳо буданд.
«Дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ таваллуд шудаам ва падарам, ки ба гӯштин ҳаваси зиёд дошт, маро дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи худ мебурд ва бо писарон гӯштӣ меандохт,» — мегӯяд Шоҳида.
Ёдовар мешавем, ки Шоҳида, толибаи синфи 10-и мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанови Душанбе мебошад. Ӯ ҳоло дар клуби варзишии «Вастан»-и Душанбе барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни духтарони то 17-сола омодагӣ мегирад. Ин мусобиқа аз 5 то 9 август дар Босния ва Ҳерзеговин баргузор хоҳад шуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар клуби «Вастан» ҳамроҳ бо Шоҳида, Шукрона Қарчиеваи 17-сола ва Мавлуда Саъдуллоеваи 18-сола, барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаи байналмилалии Open Asia дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон низ тамрин мекунанд
Навъи гӯштини дзюдо дар Тоҷикистон миёни духтарон чандон маъруф нест, аммо пас аз пирӯзиҳои духтарони варзишгари Тоҷикистон дар риштаҳои мухталиф таваҷҷуҳ ба дзюдо ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе наздики 30 духтар ин навъи варзишро интихоб кардаанд. Аксари онҳо дар панҷ соли охир варзишгар шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






