Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд. Дар фурудгоҳи Ашхобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва дигар шахсони воломақом самимона истиқбол гирифтанд. Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари расмӣ пагоҳ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, чун натиҷа якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳии олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






