Фаҳмондани моҳияти Ислом-роҳи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар» Азизаи Саид). -Яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза гароиши бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Тибқи маълумотои расмӣ, то имрӯз беш аз 500 нафар ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро шомил шуда, қисмате аз онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ фавтидаанд.
-Ба иттилои сардори раёсати илму фарҳанги вилояти Хатлон Раҷабалӣ Худоёрзода имрӯзҳо бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба миллату ватани худ хиёнати бузургро раво мебинанд. Чунин кирдор аз саводи кофии динӣ надоштани онҳо дарак медиҳад.
-Яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ин тамоюли хатарнок фаҳмондани моҳияти аслии дини ислом ба онҳо аст, зеро шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро аз надонистани аркону аҳкоми ислом маншаъ мегирад. Имрӯз бо ташабус ва ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси «Қуръон» чоп шуда ва дастраси ҳамагон аст. Аҳли дин имкон доранд, озодона ибодат кунанд, ҳуқуқи онҳоро касе маҳдуд накардааст. Вале азбаски баъзе ҷавонон дониши казоӣ оид ба ислом надоранд, фирефтаи суханонҳои васвасаангези гурӯҳҳои ғаразпеша мешаванд”, — афзуд Раҷабалӣ Худоёрзод.
Ёдовар мешавем, ки ифротгароӣ аз мушкилоти нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза буда, барои пешгирии он ҷомеаи солим ва мутамаддини олам, аз ҷумла, Тоҷикистон муборизаи шадид мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






