«Фурӯғи чеҳраҳо»-чеҳранигории шахсияти эҷодиву инсонии устодон
Душанбе, 05.08.2015 (АМИТ «Ховар», Неруи Маҳмадзода).- Китоби нави адабиётшинос ва мунаққиди маъруф устод Абдураҳмони Абдуманнон таҳти унвони «Фурӯғи чеҳраҳо» тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Китоб аз эссе ва мақолаҳое иборат аст, ки муаллиф солҳои охир бо усули чеҳранигорӣ таълиф кардааст. Хонанда метавонад аз ин китоб оид ба шахсияти эҷодиву инсонии устодон Лоҳутиву Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Мӯъмин Қаноат, М.Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Давлат Сафар, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон маълумоти тоза дарбиёбад.
Инчунин дар китоб масъалаҳои савод ва эҷод, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ мавриди баҳсу андеша қарор гирифтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






