Фурӯшандагони маводи мухаддир дар кӯчаҳои Кобул дастгир мешаванд
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). Агентии назорати маводи нашъаовари назди президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул аз тарафи маъмурони пулис фасодхонае, ки дар он 500 нашъаманд зиндагӣ доштанд нобуд карда шуд. Амалиёт барои нобуд кардани ин макон дар асоси шикояти сокинони маҳал сурат гирифтааст. Сокинон аз ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо ва мағозаҳо, ки аз тарафи нашъамандон содир мешуд, ба изтироб омада буданд.
Сардори идораи пулиси Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ ба хабаргузории «ХомаПресс» иттилоъ додаст, ки силсилаи амалиёт барои нобуд кардани чунин маконҳо дар Кобул идома дода мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки ҳама нашъамандоне, ки дар кӯча умр ба сар мебаранд ва онҳое, ки маводи мухаддир ва нӯшокиҳои спиртӣ савдо мекунанд, дастгир хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






