“Green Foods» дастархони мардумро ғанӣ мегардонад
Душанбе, 18.08.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Green Foods /“Грин -Фудс”/ корхонаи нави саноатиест, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон дар Душанбе ба фаъолият оғоз менамояд. Самти фаъолияти ин корхона ба истеҳсоли нон, макарон, рехтани равғани растанӣ ба зарфҳои пластикӣ нигаронида шудааст. Иқтидори шабонарӯзии “Грин -Фудс” истеҳсоли 3 тонна нон, 24 тонна макарон ва 6 ҳазор литр равани растанист. Бо фаъолият шурӯъ кардани “Грин-Фудс” 100 ҷойи нави кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ба ифтихори ҷашни 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт 10 корхонаи хурди саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопию сохтмонӣ ва маишӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин корхонаҳо 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






