Густариши ҳамкории боғдорони Хатлон ва соҳибкорони Суғд
Исфара, 06.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Бо мақсади тақвияти густариш ва ҳамкории тарафайни хоҷагидорони ҷануби кишвар бо соҳибкорони Суғд, дирӯз як гуруҳи кории аз вилояти Хатлон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти шаҳри Исфара иттилоъ доданд, гуруҳи кори таҳти сарварии муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони навоҳии боғпарвари Балҷувону Мӯъминобод ва Ховалингу Шӯробод, инчунин сардорони раёсатҳои кишоварзии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, зимни сафар бо фаъолияти корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки “Исфарафуд”, “Оро”, корхонаи истеҳсолӣ оид консерва ва нӯшобаҳои ҶДММ “Субҳи Ватан” аз наздик шинос гардида, ҷиҳати густаришбахшии ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.
Ҳайати меҳмонон ҳамзамон аз саҳроҳои Кооперативи истеҳсолии “Кишоварзони Навгилем” дидан намуда, бо таҷрибаи ғании деҳқонони он хоҷагӣ ошно гардиданд.
Бояд ёдрас шуд, ки моҳи апрели соли ҷорӣ роҳбарияти корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара бо роҳбарии раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бо максади харидорӣ намудани маҳсулоти кишоварзи ба ноҳияҳои боғпарвари вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






